International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ришта дар Истанбул – 2020

Leave a comment

Барои нӯҳумин бор пайидарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 27-ум то 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байналмилалӣ нишон медиҳад.

85175620_3320059608009175_8154416524409438208_o

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз”, “Файзи Истиқлол”, ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд. 

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.

Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки “намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ, ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”. 

Боздид аз Намоишгоҳи Истанбул дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин ибтикор дар ҳамкории наздик бо лоиҳаи “Ба сӯи рушди фарогири деҳот ва суботи иқтисодӣ” (TRIGGER II) амалӣ мешавад, ки онро Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH аз номи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) амалӣ мекунад. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин сафар намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва ширкатҳои маҳаллии консалтингии ҳамкори МТБ –  “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” роҳбаладӣ мекунанд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ имконияти хуберо барои ширкатҳои ҳамкор фароҳам меорад, то тавассути дарёфти тамосҳои нави тиҷоратӣ ва маълумот доир ба таҷҳизоти наву замонавӣ ва талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ дар бозорҳои беруна рақобатпазиртар гарданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s