International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶДММ “Cпитамен Текстайл” сармоя, таҷриба ва технологияи Кореяи Ҷанубиро ба кишвар меорад

Leave a comment

ҶДММ “Спитамен Текстайл” дар ояндаи наздик нақша дорад, ки иловатан сад коргари дигарро бо ҳадафи як баробар бештар кардани истеҳсоли риштаи пахтагин бо ҷалби сармояи шарики навтаринаш аз Кореяи Ҷанубӣ истихдом кунад.

DSC_0108

download

ҶДММ “Спитамен Текстайл” бо ширкати “Baoshan Tianfang Science and Technology LTD.” аз Кореяи Ҷанубӣ созишномаи ҳамкории сармоягузорӣ имзо кард, ки он ба ҷониби Тоҷикистон имкон медиҳад, то истеҳсолоти худро як баробар афзоиш диҳад. Ду ширкати нассоҷӣ бо ҳамдигар дар Намоишгоҳи байналмилалии ришта дар Истанбул моҳи феврали соли гузашта вохӯрда ва доир ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расида буданд.

Ширкати кореягӣ ҷузви “Tianjin Tianfang Investment Holding Co Ltd”, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи маъруфи маҳсулоти нассоҷӣ дар кишвараш мебошад. Акбар Ҳакимов, муассис ва директори кулли ҶДММ “Спитамен Текстайл”, мегӯяд, ҳамкори кореягии онҳо ба ширкати тоҷикӣ таҷҳизоти замонавитарини коркарди нахи пахта ва истеҳсоли риштаро медиҳад. Мирзоқодир Бақоев, директори фабрикаи нассоҷии ҶДММ “Спитамен Текстайл”, ҳисоб мекунад, ки тавоноии истеҳсолотии онҳо аз 7560 дуки ресандагӣ, дар ҳоли ҳозир, то ба 14000 дук расида, содирот низ як баробар афзоиш меёбад. Ҳамкори кореягӣ, ҳамчунин, дар харидории нахи пахта ва дарёфти муштарӣ барои риштаи истеҳсолшуда низ ёрӣ хоҳад расонид. Роҳандозии коркарди пурраи нахи пахта то ба истеҳсоли маҳсулоти омода низ ҷузви нақшаҳои муштараки ду ширкат мебошад ва ҶДММ “Спитамен Текстайл” барои расидан ба ин ҳадаф зерсохтори омода, аз ҷумла бинои аз нигоҳи муҳандисӣ муҷаҳҳаз барои корхона ва мутахассисони тамриндида дорад.

Ҳаҷми умумии сармояи пешбинишуда ба “Спитамен Текстайл” имкон медиҳад, то шумораи кормандонро аз 184 нафари ҳозира то ба 300 нафар зиёд кунад, тавоноии истеҳсолотии корхонаро як баробар афзоиш диҳад, ва таҷҳизоти лозимаи ресмонресиро бо ҳадафи афзоиши навъи маҳсулоти омода бихарад. Феълан, мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар Спитамен қарор дошта, корҳои омодагиро оғоз кардаанд.

DSC_0256Мирзоқодир Бақоев мегӯяд: “Чорабиниҳои байнулмилалӣ, ки бо кӯмаки Ҳукумати Швейтсария ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ мо иштирок кардем, пойгоҳи олие барои вохӯрдан бо харидорони эҳтимолӣ ва истеҳсолкунандагони пешсафи таҷҳизоти нассоҷӣ буда, имкон медиҳад, то бо истеҳсолкунандагон ва шарикони нави эҳтимолӣ тамосҳои нави тиҷоратӣ барқарор намоем. Мо аз он шодем, ки имкон дорем, то дар иҷрои ҳадафҳои ҳукуматамон дар самти роҳандозии коркарди пурраи нахи пахта то ба маҳсулоти тайёр дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат кунем”.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи коркарди пурраи пахта дар дохили ҷумҳурӣ, ҶДММ “Спитамен Текстайл” истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагиро низ дар рӯзҳои наздик роҳандозӣ мекунад. Дар ноҳияи Файзобод бинои корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Спитамен Текстайл” аллакай омода буда, ва он қисман муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар назар аст, ки бо пурра муҷаҳҳаз гардидани корхона ва ба истеҳсолот оғоз кардани он, бонувони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гарданд.

ҶДММ “Спитамен Текстайл” дар соли 2009 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бо соҳибмулкии пурраи маҳаллӣ мебошад. Ширкат бо таҷҳизоти замонавии итолиёвӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоташ ба ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошад. Маҳсулоти худро ширкат асосан ба Чин, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ содирот менамояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s