International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоди тағйирот: Вақте орзуҳои зебо амалӣ мегарданд

Leave a comment

download

Ҷаҳоноро Усмонова аз ҷумлаи нафаронест, ки орзуҳои кӯдакияш ӯро аз курсии донишҷӯии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон то ба омӯзгорӣ дар ҳамин донишгоҳ расонид. Ҳамагӣ панҷ сол баъд аз хатми донишгоҳ бо ихтисоси муҳандис-тарроҳи либос, Ҷаҳоноро имрӯз масъули озмоишгоҳи дӯзандагӣ дар факултаи тарроҳии либос ва мӯд дар ДТТ буда, чанде пеш, ҳамчунин, сардори Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ, ки аз ҷониби МТБ ва ДТТ муштаракан таъсис ёфтааст, таъин гардид.

Ҷаҳоноро намояндаи масъули шарики барномаи МТБ – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар чанд давраи омӯзишии МТБ дар доираи лоиҳаи GTEX иштирок кардааст. Дар ин давраҳои омӯзишӣ ӯ василаҳои нави сохт ва тарроҳии либос ва истифода аз таҷҳизоти замонавии дӯзандагиро омӯхтааст. Ӯ мегӯяд: “Ба наздикӣ ман дар давраи омӯзишии дуҳафтаинаи тарроҳӣ ва дӯхти нимдоманҳо ва шиму куртаҳои занона иштирок кардам, ки устоди мо аз Сингапур буд. Дар он мутахассисони дигари ҷавон низ иштирок карданд ва ин имконияти олие барои ҳамаи мо буд”.

Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ҳазорҳо занро бо ҷои кор таъмин мекунад, ки дар хонаҳо ва ё дар корхонаҳо машғули фаъолиятанд. Ин соҳа ба занҳо имконияти дарёфти ризқу рӯзиро фароҳам меорад. Ҷаҳоноро мегӯяд: “Агар ин занҳо ҳатто дар корхонае кор накунанд ҳам, донишҳои омӯхтаашонро дар хона ҳам истифода бурда метавонанд. Ин соҳа имкониятҳои хуберо барои онҳое, ки мехоҳанд аз хона кор кунанд, фароҳам меорад ва вижагиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳам ба инобат мегирад”.

Муаллима Усмонова мегӯяд, ӯ барои таълим додани омӯхтаҳояш аз давраҳои МТБ на танҳо ба донишҷӯёни донишгоҳ, балки ба занони дигари ҷавон берун аз донишгоҳ низ худро масъул медонад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s