International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”

Leave a comment

Дар шаҳри Хуҷанд фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо иштироки раҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин фестивали рангин зебоиҳои гуногуни ҳунари миллии атласу адрас ба намоиш гузошта шуд. Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон қайд мекунад, “дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари волою тахайюли бою рангин ва маҳорати хосаи ҳунармандони вилояти Суғдро ифода менамоянд.

Фестивал-озмуни “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар бахшҳои гуногун бо пешниҳоди либосҳои бонувону духтарон, писарона ва кӯдакона аз матоҳои атласу адраси абрешимию пахтагин баргузор карда шуд”.

This slideshow requires JavaScript.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s