International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Leave a comment

Ифтитоҳи маркази гулдузию зардӯзӣ бо иштироки президент

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Зиннат таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар ин ҷо коргоҳҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дӯхти либосҳои гуногун фаъол гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин коргоҳҳо ҳар се моҳ то 250 нафар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кунунӣ ва дурнамои ин кори ташкилшуда изҳори хушнудӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои боз ҳам ривоҷ додани қолинбофии дастии тоҷикӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ тамоми шароитро муҳайё созанд. Таъкид гардид, ки ин таҷрибаи наку ва пурманфиат  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бояд эҳё карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, муассисаҳои махсуси касбию таълимии ин соҳа таъсис дода шаванд.

Барои хуб ба роҳ мондани ин кор  3 нафар занони соҳибтахассус аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват карда шуданд, ки як сол ба омӯзиши занону духтарони тоҷик машғул хоҳанд шуд. То имрӯз беш аз 1000 нафар барои омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар ин ҷо номнавис шудаанд.

Тибқи нақшаҳои тақрибӣ, танҳо дар соли равон қариб 5 ҳазор занону духтарон ба ин кор ҷалб карда мешаванд. Ин шумора то охири соли 2015 ба 13 ҳазор ва то охири соли 2016 бояд то 35 ҳазор нафар расонда шавад. Аз 35 ҳазор наздики 30 ҳазор занону духтарон қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии дастиро бояд дар хонаҳои худ ба роҳ монанд. Ҳамаи ин албатта бо дастгирии давлат ва соҳибкорони ин соҳа амалӣ хоҳад шуд. Қолинҳо ва сӯзаниҳои дар ҳавлиҳои шаҳрвандони омодагардида аз тарафи маркази таълимию истеҳсолӣ харидорӣ шуда, дар дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, аз омехтаи 10 ранги асосӣ, ки аз гулу гиёҳ, дарахт ва пӯсти меваю сабзавоти гуногун ҳосил мегардад, беш аз 50 намуд рангҳо омода карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар қадар рангҳо ва гулу ороишоти қолини дастӣ зиёду зебо бошад, ҳамон қадар арзишаш боло меравад.

Коргоҳи дӯзандагии марказ бошад, асосан бо дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ машғул буда, дар як сол то 200 ҳазор адад либоси гуногун истеҳсол менамояд.

Дар намоишгоҳи корхона маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, ки бо завқу салиқаи баланд эҷод ва омода гардидааст, пешкаши ҳозирин гардид.

ТоҷНюз


Leave a comment

Для возрождения национальных ремесел учредят 30 грантов

Худжанд, 12.02.2014 (НИАТ «Ховар», Абдуахад Дадабаев).- В 2014 году в Согдийской области для возрождения национальных ремесел исполнительным органом государственной власти будут учреждены 30 грантов на общую сумму 200 тысяч сомони.

Как отмечают  в администрации Главы области, в этой связи принято соответствующее постановление Председателя Согдийской области Абдурахмона Кодири.

Одной из главных целей принятия  данного постановления является возрождение национального ремесла, поддержка и развитие ручных ремесел, таких как ковроткачество, вышивание сюзане, а также  обеспечение рабочими местами женщин и девушек.


Leave a comment

30 грант барои барқароркунии ҳунарҳои миллӣ

Хуҷанд, 12.02.2014 (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Додобоев).- Соли 2014 дар вилояти Суғд барои барқароркунии ҳунарҳои миллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 30 грант дар ҳаҷми умумии 200 ҳазор сомонӣ таъсис медиҳад.

Тавре дар маъмурияти раиси вилоят қайд намуданд, дар робита  қарори дахлдори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба тасвиб расид.

Яке  аз мақсадҳои асосии қабули қарори мазкур барқароркунии ҳунарҳои миллӣ, дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ, ба мисли қолинбофӣ, сузандӯзӣ, ҳамчунин таъмини занон ва духтарон бо ҷойҳои кори мебошад.


Leave a comment

“My choice” – a special programme of “Bahoriston” TV invited Mukarrama Kayumova, the symbol of Tajiki fashion, to a meeting with Tajik schoolchildren.


Leave a comment

Гулдӯзӣ – барномаи вижаи шабакаи телевизионии ТВТ (аз бойгонӣ)


Leave a comment

Ҷашнвораи байнулмилалии ҳунар ва мӯд – “Диёри ҳусн” (навори видеоӣ)

Аз 25-ум то 28-уми июни соли ҷорӣ дар Душанбе таҳти унвони «Диёри ҳусн-7» Ҷашнвораи байнулмилалии ҳунару мӯд оғоз мегардад. Ҷашнвораи чоррӯза дар бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ баргузор шуд. Тафсилот ин ҷост


Leave a comment

Craft and fashion festival in Tajik capital (photo-gallery)

The seventh international craft and fashion festival titled “Diyori Husn” (The Land of Beauty) has been conducted at the Tajik Academic Drama Theater named after Abulqosim Lohouti on June 25-28, 2012. Details are here

Аз 25-ум то 28-уми июни соли ҷорӣ дар Душанбе таҳти унвони «Диёри ҳусн-7» Ҷашнвораи байнулмилалии ҳунару мӯд оғоз мегардад. Ҷашнвораи чоррӯза дар бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ баргузор шуд. Тафсилот ин ҷост

Международный фестиваль ремесла и моды республики Таджикистан «Диёри хусн-7» прошла с 25-ое по 28-ое июня сего года в Душанбе. Четырехдневный фестиваль была организована в стенах Академического драматического театра им. А.Лахути. Более детально

This slideshow requires JavaScript.